Пайвандҳои дастрасӣ

Паймони Тоҷикистону Аврупо ниҳоӣ шуд


Шӯрои Аврупо бо як қароре Паймони Ҳамкорӣ ва Мушорикати Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон ниҳоӣ кардааст. Дар иттилоъияи расмии шӯро омадааст, ки ҳадаф аз ин паймон, тақвияти истиқлолияти Тоҷикистон, таҳкими демократия дар ин кишвар ва гузашти он ба иқтисоди бозаргонӣ мебошад. Аҳднома мазкур, ки панҷ соли пеш миёни ду тараф имзо шудааст, ҳамчунин заминаҳо барои муколамаи сиёсӣ, рушди тиҷорату сармоягузории дутарафа ва ҳамкориҳо дар арсаҳои дигар ба мисли иқтисоду илмро фароҳам мекунад. Ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Тоҷикистон то кунун бар асоси як санади мерос аз замони шӯравӣ ба роҳ монда шудаанд.
XS
SM
MD
LG