Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳомиди Карзай савганд ёд мекунад


Интизор меравад, имрӯз Ҳомиди Карзай – раиси ҷумҳури Афғонистон, расман савганд ёд кунад. Дар маросими адои савганди ӯ 300 меҳмони олиқадр аз ҷумла Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико, Осиф Алӣ Зардорӣ - раиси ҷумҳури Покистон ширкат хоҳанд кард. Ҳайъати расмии Тоҷикистонро дар ин маросим, Ҳамроҳхон Зарифӣ- вазири умури хориҷа, раҳбарӣ мекунад. Барои таъмини амнияти расми мазкур, нерӯҳои амниятӣ гаштзанӣ дар пойтахти Афғонистонро афзоиш дода, баъзе кӯчаҳои Кобулро баста ва худро барои ҳамлаҳои эҳтимолии тундравон ҳангоми расми адои савганд омода кардаанд. Ҳомиди Карзай, ки соати 11 30 дақиқа ба вақти Душанбе савганд ёд хоҳад кард, баъди як интихоботи олуда ба тақаллуб раиси ҷумҳури Афғонистон эълом шуд.
XS
SM
MD
LG