Пайвандҳои дастрасӣ

Бастани Гуантанамо ба таъхир меафтад


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи чаҳоршанбе эътироф кард, ки боздоштгоҳи бадномшудаи Гуантанамо то рӯзи мӯҳлати эъломшуда, яъне 22 январ баста нахоҳад шуд. Барак Обама дар мусоҳиба бо як телевизиони амрикоӣ гуфт, “барномаи бастани зиндони баҳсбарангез ба соли оянда мекашад, зеро ҳаракат дар ин самт дар Вашингтон назар ба интизороти ман кундтар аст.” Поёни иқтибос. Дигар ин ки Барак Обама гуфт, интизор дорад, ки гуноҳи Холид Шайх Муҳаммад, ки тарҳрезии ҳамлаҳои 11 сентябрро эътироф кардааст, собит ва ӯ ба марг маҳкум хоҳад шуд. Эрик Ҳолдер – вазири адлияи Амрико ҳафтаи гузашта эълом кард, ки чанд терористи мазнун аз ҷумла Холид Муҳаммад дар додгоҳи ғайринизомӣ дар шаҳри Нй Йорк муҳокима хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG