Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон ирсоли ураниум ба хориҷро рад кард


Эрон мегӯяд, пешниҳоди интиқоли ураниуми ғализии кам ба хориҷ барои ғанисозии бештарро рад мекунад. Аммо айни замон Манучеҳри Муттакӣ - вазири умури хориҷаи Эрон, гуфтааст, ки мубодилаи ҳамзамони сӯхти атомӣ дар дохили Эрон қобили баррасӣ аст. Бар асоси пешниҳоди қудратҳои ҷаҳонӣ, Эрон бояд 75 дар сади ураниуми ғализии ками худро ба Русияву Фаронса бифристад, то дар онҷо аз ураниуми нохолиси интиқолшуда барои реактори таҳқиқотии Эрон сӯхти атомӣ ҳосил кунанд. Ҳадаф аз ин пешниҳод, ки бо мусоидати Созмони Милал ба даст омад, фӯру нишондани нигарониҳои қудратҳои ҷаҳонӣ аст, ки мегӯянд, Эрон мехоҳад, пинҳонӣ бомби атомӣ бисозад.
XS
SM
MD
LG