Пайвандҳои дастрасӣ

Ришваи 20 миллион долларии вазири афғон


Ду мақоми амрикоӣ иддаъо кардаанд, ки як вазири Афғонистон дар ивази додани ҳаққи истихроҷи як кони азими мис ба ширкати чинӣ, 20 миллион доллар ришва гирифтааст. Ин ду мақоми амрикоӣ, бо шарти зикр нашудани номашон ба хабаргузории “Ассошийтед Пресс” гуфтаанд, Муҳаммад Иброҳим Одил – вазири маъодини Афғонистон баъди додани ҳаққи истихроҷи кони мис ба Ширкати истихроҷи маъдани Чин дар соли 2007 аз ин ширкат 20 миллион доллар ришва гирифтааст. Вазири афғон ин иддаъоро рад кардааст. Ҳомиди Карзай, ки имрӯз ба ҳайси раиси ҷумҳури Афғонистон савганд ёд мекунад, таҳти фишори Амрико ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст, ки аз ӯ мехоҳанд, фасоду ришват дар ҳукуматашро решакан кунад.
XS
SM
MD
LG