Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди ИА аз вазъи ҳуқуқи башар дар Русия


Фредрик Рейнфелдт, сарвазири Шветсия – раиси давраии ИА – имрӯз гуфт, вазъи ҳуқуқи башар дар Русия “мояи нигарониии афзоянда” шудааст. Рейнфелдт дар пайи нишасти сарони Русияву ИА дар Стокҳолм дар як нишасти муштараки хабарӣ сӯҳбат мекард. Дар ин нишаст раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев, раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана низ ширкат доштанд. Равобити ИА бо Русия дар пайи ҷанги соли гузаштаи Русияву Гурҷистон ба таниш печид.
Ду ҷониб то кунун музокироти паймони нави ҳамкории миёни ИА ва Русияро такмил накардаанд.
XS
SM
MD
LG