Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Амрико ва СММ аз тасмими Исроил


Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед

Роберт Гиббс, сухангӯи Кохи Сафед

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, тасмими Исроил дар бобати бунёди 900 манзили дигар дар минтақаи мавриди даъвои фаластиниҳо дар Байтулмуқаддас шадидан изтиробангез мебошад.

Ҳукумати Амрико аз ин хабар ба изтироб омадааст, гуфт сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс, вақте Исроил эълом дошт, ки тарҳи бунёди 900 манзили навро дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ба тасвиб расонд. Вай афзуд, ин иқдом эҳёи гуфтушунидҳои сулҳ дар байни исроилӣ ва фаластиниҳоро, ки муддатҳост, дар бумбаст мондааст, ба маротиб мушкилтар мекунад.
Ягон тараф набояд кӯшише кунад ва ё даст ба амале занад, ки аз гуфтушунид ба таври якҷониба пешгирӣ менамояд ва ё зоҳиран чунин монеаро ба вуҷуд меорад...


Вокуниши Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Бан Ки-мун низ ҳамин гуна тундутез будааст. Вай рӯзи сешанбе гуфт, аз тасмими Исроил хеле мутаассиф аст ва ин иқдом аслан худи андешаи ҳалли низоъро аз тариқи бунёди давлати Фаластин зери суол мегузорад.

Сарони фаластинӣ гуфтанд, аз сар гирифтани гуфтушуниди онҳо бо Исроил ба қатъи ҳама гуна фаъолиятҳои шаҳркасозии исроилиҳо дар Каронаи Бохтарии рӯди Урдун бастагӣ хоҳад дошт.

Музокиракунандаи аршади фаластиниҳо дар гуфтушунид бо Исроил, Соиб Ареқот ин мавзеъгирии фаластиниҳоро бори дигар дар нишасти хабарии муштарак бо вазири умури хориҷии Фаронса, Бернар Кушнер рӯзи сешанбе дар Уммон такрор кард:

"Мо тасмими ҳукумати Исроилро ба бунёди 900 манзили нав дар шаҳраки муҳоҷирони исроилӣ дар Ҷило, ноҳияи ишғолшудаи Байтулмуқаддаси шарқӣ маҳкум мекунем. Яъне мавзеъи мо дақиқан ин аст, ки бунёди шаҳракҳои нав мустақиман ба гуфтушунидҳои ҳалли ниҳоӣ таъсир дошта, тарҳи ду давлати ҳамсоя ва осоиштаро баҳам мезанад. Аз он ҷо ки Аврупо бахше аз Чаҳоргонаи сулҳи Ховари Миёна аст, мо аз ҷаноби Кушнер ва дигар аъзои Чаҳоргона даъват мекунем, ҳукумати Исроилро аз идомаи шаҳраксозӣ боздоранд."

Кушнер ба эҳёи раванди хомӯшшудаи сулҳи Исроил ва фаластиниҳо даъват кард.

Танқидҳои иқдоми Исроил замоне сар шуд, ки вазири умури дохилии ин кишвар рӯзи сешанбе ба оғози манзилсозиҳои нав иҷоза дод.

Исроил аз тасмими худ ҳимоят кард ва мегӯяд, бунёди манзилҳои нав дар Байтулмуқаддаси шарқӣ ба шаҳракҳои муҳоҷирон пайванде надорад.

Дар изҳороти дастгоҳи сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу гуфта мешавад, "минтақаи истиқоматии Ҷило як бахши ҷудоинопазири Йерусалим аст ва нақша як раванди муқаррарии кумиссюни тарроҳии ноҳия ба шумор меравад."

Исроил ҳамаи шаҳрро як бахши қаламрави худ медонад, аз ҷумла Байтулмуқаддаси шарқиро, ки пас аз ҷанги соли 1967 ишғол кардааст. Ҳоло дар шаҳракҳое, ки дар атрофи ин минтақа сохта шудаанд, наздик ба 180 000 исроилӣ ба сар мебарад.

Фаластиниҳо Байтулмуқаддаси шарқиро пойтахти ояндаи давлати ояндаи Фаластин ва ҳамаи маҳаллаҳои яҳуднишини онро шаҳракҳои муҳоҷирин мешуморад.

Ихтилофи нав дар ҳоле ба миён меояд, ки ҳукумати президенти Амрико, Барак Обама, чандин бор талош кардааст, гуфтушуниди сулҳро таҳти шиори ҳастии ду давлати Исроил ва Фаластин дар паҳлуи ҳам эҳё кунад.

Чунин эҳё дар ҷараёни сафари ахири вазири умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ба минтақа даст надод. Ҳамзамон, раиси маъмурияти худгардони Фаластин, Маҳмуд Аббос пешниҳоди Исроилро ба бунёди шаҳракҳои нави муҳоҷирони яҳудӣ ҳамчун амали хилофи мавзеъяш дар эҳёи раванди сулҳ рад кард.

Сухангӯи Кохи Сафед, Роберт Гиббс тасмим нави Исроил эҳёи музокиротро печидатар мекунад. Вай афзуд: "Дар ҳамин ҳоле ки мо ба дубора сар кардани гуфтушунид талош дорем, ин иқдом муваффақияти талошҳои моро мушкилтар мекунад."

Гиббс афзуд, "ягон тараф набояд кӯшише кунад ва ё даст ба амале занад, ки аз гуфтушунид ба таври якҷониба пешгирӣ менамояд ва ё зоҳиран чунин монеа ба вуҷуд меорад."
XS
SM
MD
LG