Пайвандҳои дастрасӣ

Зарифӣ дар расми савганди Карзай ширкат мекунад


Дар маросими адои савганди Ҳомиди Карзай як ҳайъат аз Тоҷикистон таҳти раҳбарии вазири умури хориҷии ин кишвар Ҳамроҳхон Зарифӣ низ ширкат мекунад. Сухангӯи ин вазорат Давлат Назрӣ гуфтааст, ин ҳайъат субҳи панҷшанбе Душанберо ба қасди Кобул тарк хоҳад кард. Қарор аст, рӯзи панҷшанбе дар маросими адои савганд ва оғози давраи дуввуми раёсатҷумҳурии Карзай даҳҳо меҳмони баландпоя аз Амрикову Аврупо ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон ширкат кунанд. Вазири хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон низ ба хотири ширкат дар ин маросим ба Кобул рафтааст. Ин маросим дар пайи пирӯзии Карзай дар як интихоботи пурбаҳс сурат мегирад. Дар арафаи расми адои савганди Ҳомиди Карзай ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамалоти эҳтимолии ҷангиён дар Кобул аз тадобири шадиди амниятӣ кор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG