Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии дубора аз маҳбас


Дуввумин гурӯҳи занони маҳбус аз зиндони занонаи Норак озод шуданд. Ин навбат 54 нафар.

Ин зиндон, ки дар соли 1975 таъсис шуда буд, ягона зиндони занона дар кишвар аст ва имкони нигаҳдории 750 нафар маҳбусро дорад. Дар ин зиндон ҳамчунин атфоли кӯчаки занҳои маҳбус парвариш мешаванд. Низоми ин маҳбас умумӣ аст ва муҷримини ҷиноятҳои сангин низ дар як шароит нигаҳбонӣ мешаванд.

Қабл аз нашри қонуни нави афв дар маҳбаси занона 288 нафар зиндонӣ буданд ва ҳоло каме бештар аз 50 нафар боқӣ мондаанд. Ин теъдод маҳбусоне ҳастанд, ки дар ҷиноёти сангин аз ҷумлаи куштор даст доранд.

Дар маҷмӯъ, пас аз тасвиби қонуни нави авф ҳудуди 4 ҳазор маҳбус ва боздоштшудагон аз зиндон ва боздоштгоҳҳои тафтишоти қаблӣ ба озодӣ баромаданд.

Наворбардори радиои «Озодӣ» дар озод кардани теъдоде аз маҳбусон аз зиндони занонаи Тоҷикистон ширкат дошт:

раҳоии занон аз маҳбас
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00

XS
SM
MD
LG