Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон вориди Кобул шуд


Вазири умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба хотири ширкат дар расми адои савганди раёсатҷумҳурии Ҳомиди Карзай вориди Кобул, пойтахти Афғонистон шуд. Клинтон дар шумори даҳҳо меҳмони баландпоя аз Амрикову Аврупо ва кишварҳои дигар аст, ки рӯзи панҷшанбе дар расми адои савганд ва шурӯъи даври дуввуми раҳбарии Карзай ширкат хоҳанд кард. Ин маросим дар пайи пирӯзии Карзай дар як интихоботи пурбаҳс сурат мегирад. Дар арафаи расми адои савганди Ҳомиди Карзай ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамалоти эҳтимолии ҷангиён дар Кобул аз тадобири шадиди амниятӣ кор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG