Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Тоҷикистон ба изҳороти сафири Узбакистон


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми чанд соли охир дар марзҳои муштараки Тоҷикистону Ӯзбакистон бар асари таркиши минаҳо мардуми осоиштаву чорвои онҳо ба ҳалокат расидааст, на кадом ҷангие.

Давлат Назрӣ, раиси департаменти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар поёни конфронси минтақавӣ оид ба ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар поксозӣ аз минаҳо, ки тайи ду рӯз дар Душанбе идома кард, гуфт, миёни кушташудагон занону кӯдакон низ ҳастанд, на террористон.

Як рӯз қабл аз анҷоми ин конфронс сафири Ӯзбакистон дар Тоҷикистон Шоҳқосим Шоҳисломов дар ҷамъи ҳозирон таъкид кард, ки то замони поёни нооромиҳо дар Афғонистони ҳамсоя, Тошканд майдонҳои мина дар марзаш бо Тоҷикистонро хунсо нахоҳад кард.

Вай ҳамчунин гуфт, дар минаҳои Ӯзбакистон аслан афроде бархӯрда кушта мешаванд, ки марзи Ӯзбакистонро ғайриқонунӣ убур мекунанд. Ӯ гуфт, минаҳо барои пешгирии вуруди гурӯҳҳои қочоқгари маводи мухаддир ва гурӯҳҳои террористӣ гузошта шудаанд. Ӯ таъкид кард, ки минаҳо барои касе зарар намеоранд.

Маркази минрӯбии Тоҷикистон гузориш медиҳад, ҳудуди 150 нафар аз сокинони Тоҷикистон дар майдонҳои минаи Узбакистон қадам гузошта, 71 нафар ҳалок ва боқимонда маҷрӯҳ шудаанд. Занҷирбек Каримов, танзимгари барномаи огоҳкунии аҳолӣ аз минаҳои ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Тоҷикистон, мегӯяд, ҷониби Ӯзбакистон барои ҳамкорӣ дар ин бахш харитаи маконҳои минкоршударо то ба ҳанӯз ба Тоҷикистон доданӣ нест. Ҳарчанд созишномаи ҳамкориҳо бо ин кишвар имзо шудааст, аммо хавфи идомаи таркиш аз минаҳо вуҷуд дорад.

Дар охири қарни гузашта баъди силсилаи таркишҳо дар шаҳри Тошканд ва убури ҷангҷӯёни ҲИУ ба хоки ҷамоҳири Осиёи Марказӣ, Узбакистон марзҳояш бо Тоҷикистону Қирғизистонро минкорӣ намудааст.
XS
SM
MD
LG