Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон пешниҳоди Ожонси ҳастаиро радд кард


Эрон гуфт, пешниҳоди ба хотири ғанисозии бештар ба хориҷ фиристодани ураниуми андак ғанишудаашро қабул надорад. Хабаргузории ИСНО аз қавли вазири умури хориҷии Эрон Манучеҳри Муттакӣ навишт, ки гуфтааст, Эрон ба тавлиди маводи сӯхти ҳастаӣ дар дохили кишвар бартарӣ медиҳад. Тибқи пешниҳоди Ожонси байналмилалии назорати нирӯи ҳастаӣ, Эрон бояд ҳудуди 75 дарсади захираи ураниуми андак ғанишудаашро барои ғанисозии бештар ба Русияву Фаронса мефиристод ва дар иваз барои реактори таҳқиқоти тиббии Теҳрон маводи сӯхти ҳастаӣ дарёфт мекард.
Вазири умури хориҷии Фаронса Бернар Кушнер тасмими Эронро “шадидан манфӣ” номид, вале гуфт, Фаронса гуфтугӯро рӯи ин мавзӯъ идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG