Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Шанхай ба машқҳои ҷадид омодагӣ мегирад


Намояндагони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай дар Алма-Ато ба баррасии шеваи баргузории машқҳои ҷадиди зиддитеррористии ин созмон шурӯъ кардаанд. Ҳайъатҳои Чину Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон аз тамрингоҳи Отар, маҳалли баргузории машқҳои соли оянда дар ҷануби Қазоқистон дидан карданд. Қарор аст, дар ин машқҳо ҳудуди 10 000 сарбоз ширкат кунад. Аммо дар нишасти Алма-Ато намояндагони Узбакистон ҳузур надоранд. Тошканд ахиран мизони ширкаташ дар чорабиниҳои ин созмони амниятии таҳти нуфузи Русияву Чинро коҳиш додааст.
XS
SM
MD
LG