Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қаршӣ ҳудуди 30 занро боздошт кардаанд


Аз оғози моҳи ноябр дар шаҳри Қаршии Узбакистон ҳудуди 30 зан бо иттиҳоми тадриси ғайриқонунии динӣ боздошт шудаанд. Охирин нафари боздоштшуда Меҳриннисо Ҳамдамоваи 40-сола аст, ки дар масҷиди Кӯкгумбази Қаршӣ ба занон аз Ислом таълим медод. Мақомот хонум Ҳамдамова ва чанде аз хешовандони ӯро ба таъсиси ҷамоати динии ғайриқонунӣ айбдор мекунанд.
Аммо Шоира Каримова, ки дар бахши махсуси умури занони маъмурияти Қаршӣ ифои вазифа мекунад, гуфтааст, тадриси дин аз ҷониби Ҳамдамова бо иҷозати мақомот буд ва ӯ фикр намекунад, ки далели боздошташ ҳамин бошад.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар мегӯянд, занони дигари боздоштшуда ба хотири алайҳи Ҳамдамова шаҳодат додан дар боздошт таҳти фишор қарор гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG