Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли панҷ мӯътаризи интихобот


Эрон дар робита ба ошӯбҳои аз лиҳози домана ва вусъат бесобиқае, ки Ҷумҳурии исломиро дар пайи пирӯзии пурбаҳси раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи рӯзи 12-уми июн такон дод, 5 нафарро ба қатл маҳкум кардааст.

Афроди маҳкум ба узвият дар “гурӯҳҳои аксулинқилобӣ ва террорист” айбдор мешаванд. Судури ҳукми эъдом дар қиболи ин тазоҳургарон аз ҷониби низом зоҳиран ба хотири эҷоди тарс ва ҷилавгирӣ аз эътирозҳои бештар дар робита ба интихоботи баҳсии 12-уми июн аст, ки мухолифин мегӯянд, натоиҷи он маърака ба фоидаи Аҳмадинажод тақаллуб шудааст.

Бо вуҷуди ба таври ваҳшиёна саркӯб шудани эътирозҳои қаблӣ, тарафдорони мухолифин рӯзи 4-уми ноябр дигарбора алайҳи Аҳмадинажод ва раҳбарии рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки ҳар навъ талоши ба чолиш кашидани натоиҷи интихоботи ахирро сангинтарин ҷиноят хондааст, ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд.

Алӣ Афшорӣ, яке аз раҳбарони пешини ҷунбишҳои донишҷӯёни Эрон, ки феълан дар Вошингтон ба таҳқиқи масоили сиёсии Эрон машғул аст, 5 нафари ахиран ба қатл маҳкумшударо ҳамон ҳалқаи заиф дар занҷири тӯлонии афроди боздоштшуда дар иртикоби эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон меномад ва мегӯяд, ки ин афрод қурбони сиёсати тарсдиҳии низоми Ҷумҳурии исломӣ шудаанд.

Ин 5 нафар аз шумори он 89 нафареанд, ки дар пайи эътирозҳои пасоинтихоботӣ боздошт ва тавассути мурофиаҳои оммавӣ маҳкум шудаанд. Тавассути мурофиаҳое, ки мухолифин ва гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар ҳамчун додгоҳҳои намоишӣ ва тамасхур ба адолат маҳкумашон мекунанд. Бино ба хабарҳо, аксари онҳое, ки ба додгоҳ эҳзор шуданд, ба вакили мудофеъ дастрасӣ надошта, ба хотири эътирофи иттиҳомоти сохта таҳти фишор қарор гирифтаанд.

Қувваи қазоияи Эрон рӯзи 17-уми ноябр хабар дод, ки ҳамин тавр, 81 нафарро ба мӯҳлати аз ним то 15 сол равонаи зиндон карда, 3 тани дигарро ҳукми шартии зиндон додаанд. Қувваи қазоия феҳрасти асомии афроди маҳкумшударо ифшо накард, вале гуфт, ки онҳо ҳақ доранд, бознигарии ҳукми худро аз додгоҳҳои таҷдиди назар тақозо кунанд. Як мақоми қувваи қазоияи Эрон дар моҳи гузашта хабар дода буд, ки бо ҷароими марбут ба ошӯбҳои пасоинтихоботӣ аллакай 3 нафар дар ин кишвар маҳкум ба эъдом шудаанд. Он афрод ба доштани иртибот бо созмони Муҷоҳидини халқ, ки ин гурӯҳи шоҳпарастро ҳам Эрон ва ҳам Амрико гурӯҳи террористӣ мешиносанд, айбдор мешуданд.

Аллакай то эълони расмии рӯзи 17-уми ноябр гурӯҳҳои ҳомии ҳуқуқи башар номи 5 боздоштшудаеро, ки дар Эрон дар робита ба ошӯбҳои паасоинтихоботӣ маҳкум ба қатл шудаанд, нашр карда буданд. Сухан ғолибан дар бораи ҳамон 5 нафарест, ки ҳукми эъдоми онҳоро қувваи қазоия рӯзи сешанбе эълон кард.

Исми охирин нафари бо ҷароими марбут ба ошӯбҳои пасоинтихоботӣ ба қатл маҳкумшударо Кумитаи гузоришгарони ҳуқуқи башар Ризо Ходимӣ мегуфт, ки ба навиштаи ин гурӯҳ, бо иттиҳоми равобит бо Муҷоҳидини халқ ва раҳбарии намоишҳои эътирозӣ ҳанӯз дар таърихи 13 июн боздошт шудааст. Ризо Ходимӣ, бино ба гузоришҳои расида, иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад кардааст. Ба гуфтаи пайвандон ва вакилони мудофеъи афроди дигари ба қатл маҳкумшуда, онҳо низ иттиҳомотеро, ки ба гардани онон задаанд, рад мекунанд. Бархе гуфтаанд, ки онҳоро ҳанӯз то интихоботи 12-уми июн дастгир кардаанд ва ин дар ҳолест, ки эътирозҳо баъди баргузории ин маърака Эронро фаро гирифт.

Афроде, ки дар иртикоби эътирозҳои пасоинтихоботии Эрон боздошт шудаанд, ба ҷиноёте, назири иқдом алайҳи амнияти миллии Эрон, ба ҳам задани тартибот, тахрибкорӣ, даъватҳо бар зидди Худованд ва фасодкорӣ айбдор мешаванд. Дар миёни афроди маҳкум ба зиндон якеаш Абдуллоҳи Мӯъминӣ, раҳбари собиқи ҷунбишҳои донишҷӯист, ки узви ситоди номзади ислоҳталаб Маҳдии Каррубӣ буд ва акнун барои 8 сол равонаи зиндон шудааст. Мустафои Хусравӣ, аз ҳамкорони Мӯъминӣ дар созмони мавсум ба “Адвори дафтари таҳкими ваҳдат”, ки хатмкардагони дониишгоҳҳоро муттаҳид мекунад, мегӯяд, чунин ҳукми сангин алайҳи Абдуллоҳи Мӯъминӣ ҳушдор ба соъири донишҷӯёнест, ки мехоҳанд дар эътирозҳои ба рӯзи 7 декабр барномарезишуда алайҳи Аҳмадинажод ширкат варзанд. Хусравӣ зимнан мӯътақид аст, ки низоми кунунии Эрон тавони то дер дар паси панҷара нигоҳ доштани афроде ба мисли Мӯъминиро надорад.

Дар бастагӣ ба эътирозҳои пасоинтихоботӣ дар Эрон ҳудуди 4000 нафар боздошт шуда, аз ин шумор беш аз 100 нафар бо иттиҳоми таҳрики “табаддулоти махмалин” ҳамчунон дар зиндонҳо ба сар мебаранд. Шахсиятҳои ислоҳталаб ва рӯшанфикроне, чун донишманди эрониву амрикоӣ Киёни Тоҷбахш, ки бино ба хабарҳо, ахиран ба 12 соли зиндон маҳкум шудааст, аз ҳамин ҷумлаанд. Аҳли хонаводаи Тоҷбахш моҳи гузашта изҳор дошт, ки ӯ наздики 4 моҳро дар ҳуҷраи яккаи зиндон бидуни дастрасӣ ба вакили мудофеъ ба сар бурдааст ва танҳоии ӯро дар ин ҳама муддат танҳо бозпурсиҳои муфаттишон, ки соатҳо тӯл мекашид, халалдор мекард. Додгоҳи инқилоб Киёни Тоҷбахшро ба он айбдор мекунад, ки ҳамроҳ бо раҳбарони дигари ислоҳталаб ва бо кӯмаки Амрико қасди барандохтани низомро дар сар дошт. Иттиҳоме, ки пайвандони ӯ комилан бепояаш мехонанд.
XS
SM
MD
LG