Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрози қалб дар аҳди бостон низ вуҷуд доштааст


Натоиҷи як таҳқиқоти тоза ҳокист, ки набояд дар ҳама дардҳои худ одати кашидани сигор ва ё ғизоҳои МакДоналдсро айбдор кард. Муҳаққиқон аломатҳои бемории қалбро дар чанд мумиёи 3500-сола кашф кардаанд. Табиби амрози қалб Рандалл Томпсон гуфтааст, ки ӯву муҳаққиқони дигар 22 мумиёи байни солҳои 1981-уми то милод ва 334-уми милодӣ дафншударо дар Осорхонаи миллии бостонии Миср дар Қоҳира таҳти шуоъи рентгенӣ қарор додаанд. Ба гуфтаи доктор Томпсон, онҳо аз ин шумор дар бадани 16 мумиё қалбу рагҳои хунгузар ҳанӯз ҳифз шуда буд ва натоиҷи таҳқиқот нишон дод, ки нӯҳ тани онҳо камобеш бо мушкили рагҳои хунгард мувоҷеҳ будаанд.
Дар бадани як мумиё ҳатто аломати эҳтимолии сактаи қалб мушоҳида шудааст, вале доктор Томпсон мегӯяд, маълум нест, ки оё ҳамин сакта сабаби марги ӯ шудааст ё хайр.
Натоиҷи ин таҳқиқот ахиран дар ҷараёни анҷумани Иттиҳодияи табибони амрози қалби Амрико дар шаҳри Орландои аёлати Флорида эълон шуд.
XS
SM
MD
LG