Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарзҳои хоҷагиҳои пахтакорро мебахшанд


Ҳукумати Тоҷикистон ба супурдани аснод ба хоҷагиҳои пахтакор дар бораи бахшидани қарзҳои ҷамъшудаи онҳо то 1-уми январи соли 2008 шурӯъ кардааст.

Неъматҷон Бӯриев, мушовири раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, аллакай чанд хоҷагии навоҳии Бохтару Вахш ва Ҷомии вилояти Хатлон чунин аснодро дарёфт карданд. Ба гуфтаи ӯ, то поёни имсол қарзи кӯҳнаи тамоми хоҷагиҳои пахтакор ботил хоҳад шуд.

Ҳукумат дар маҷмӯъ 548 миллион доллар қарзи хоҷагиҳои пахтакорро, ки 435 миллион доллараш марбут ба ширкати “Кредит-Инвест” буд, ботил хоҳад кард.

Фармон дар бораи бознигарии қарзҳои хоҷагиҳои пахтапарварӣ дар моҳи май аз сӯи раисҷумҳури Тоҷикистон содир шуда буд ва бахшиши қарзҳо яке аз усулҳои пешниҳодии ин фармон буд. Дар тавзеҳи ин фармон гуфта шудааст, ки он бо ҳадафи рушди соҳаи кишоварзӣ, идомаи ислоҳоти ин соҳа ва дастгирии молиявии воҳидҳои кишоварзӣ имзо шудааст.
Маҳз дар натиҷаи муомилоти ношаффоф ва ғайриодилона миёни ширкатҳои фючерӣ ва воҳидҳои пахтакорӣ ҳаҷми ин қарзҳо сол то сол афзуда, то садҳо миллион доллар афзоиш ёфтааст ...

Бар асоси маълумоти мутахассисон, дар ҳоли ҳозир қарзи заминҳои кишти пахта наздик ба 600 миллион долларро ташкил медиҳад.

Масъалаи қарзи соҳаи пахтакории Тоҷикистон дар чанд соли ахир ин соҳаро ба як бахши зиёновари иқтисоди ҷумҳурӣ табдил додааст. Ба ин далел, бештари коршиносон имзои як чунин дастурро, ки битавонад дар ниҳояти амр ба ин масъаларо ҳал кунад, мунтазир буданд.

Пахтапарварӣ дар Тоҷикистон дар даҳ соли ахир тавассути ширкатҳои сармоягузории дохилӣ ва ё фючерӣ маблағгузорӣ мешуд. Ин ширкатҳо аз сармоягузорони хориҷӣ маблағ дарёфт намуда ва бо замми фоизҳо дар ихтиёри деҳқон мегузоштанд. Ва маҳз дар натиҷаи муомилоти ношаффоф ва ғайриодилона миёни ширкатҳои фючерӣ ва воҳидҳои пахтакорӣ ҳаҷми ин қарзҳо сол то сол то садҳо миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Чунин вазъ ахиран ҳукуматро маҷбур кард, ки сармоягузории ширкатҳои фючерӣ ба ин арсаро қатъ кунад ва замони пардохти қарзҳоро ба таъхир андозад. Ва сармоягузории хоҷагиҳои деҳқонӣ акнун тавассути бонкҳо анҷом дода мешавад. Ба ин манзур, соли гузашта 140 миллион ва соли равон 180 миллион сомонӣ ба ихтиёри воҳидҳои кишварзӣ гузошта шудааст.

Пахтапарварӣ чун анъана яке аз соҳаҳои аслии иқтисодиёт ва сарчашмаи даромад барои Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар даврони Шӯравӣ дар ин кишвар ҳарсола аз 650 ҳазор то як миллион тонна пахта ҷамъоварӣ мешуд.

Вале баъди касби истиқлол кишварзони тоҷик ягон сол натавонистаанд, нақшаи давлатии ҷамъоварии пахтаро иҷро кунанд. Соли гузашта танҳо 63 дар сад аз ҳаҷми нақша пахта ҷамъоварӣ шудааст. Имсол тибқи нақша, ҳосили пахта мебоист 450 ҳазор тонна ташкил кунад, аммо то имрӯз хоҷагиҳои пахтапарварӣ танҳо 280 ҳазор тонна ҷамъоварӣ кардаанд.

Ҳарчанд содироти нахи пахта яке аз манобеи таъминоти буҷаи давлатӣ боқӣ мемонад, ба далели коҳиши ҳосил ва ҳамчунин пойинравии нархи он дар бозори ҷаҳонӣ, давлати Тоҷикистон заминҳои кишти пахтаро дар соли равон бист дарсад коҳиш додааст.
XS
SM
MD
LG