Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Амрикову СММ аз тавсиъаи шаҳраксозиҳо


Амрико ва дабири кулли СММ барномаи аз сӯи мақомоти Исроил тасвибшудаи бунёди 900 манзили дигар дар як маҳаллаи яҳудинишин дар бахши баҳсии Байтулмуқаддасро интиқод карданд. Сухангӯи Кохи Сафед Роберт Гиббс гуфт, тасмими Исроил ҷиҳати тавсиъаи шаҳраки Гило мояи ташвиши давлати Амрико шудааст. Гиббс гуфт, чунин иқдом метавонад азсаргирии музокироти сулҳ байни исроилиҳову фаластиниҳоро боз ҳам мушкилтар кунад. Дабири кулли СММ Бан Гӣ Мун низ аз тасмими Исроил изҳори таассуф кард ва гуфт, ин амал иқдомоти сулҳро дар минтақа замин карда, имкони расидан ба сулҳи Ховари Миёна аз роҳи таъсиси ду давлат, яъне таъсиси давлати мустақили Фаластин дар паҳлуи Исроилро зери суол мебарад.
XS
SM
MD
LG