Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари Обама ба Чин имрӯз ба поён мерасад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама имрӯз бо дидор аз Девори Бузурги Чин нахустин сафараш ба Чинро ба поён оварда, имрӯз роҳии Кореяи ҷанубӣ мешавад. Обама қаблан бо сарвазири Чин Вен Ҷибао мулоқот дошт. Қарор буд, ки ӯ дарин гуфтугӯ нигарони Амрико аз қурби ба таври сунъӣ камшудаи юани Чинро матраҳ кунад. Ҷониби Чин ба навбаи худ мехост мавзӯъи таъарруфаҳои дар роҳи воридоти молҳои чиноӣ ҷорикардаи Амрикоро дар миён гузорад. Рӯзи сешанбе дар мулоқот бо раҳбари Чин Ҳу Ҷинтао, Барак Обама хостори эҷоди равобити фарогири созанда миёни Амрикову Чин шуд.
XS
SM
MD
LG