Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Эрон 5 нафар ба қатл маҳкум шуданд


Телевизиони давлатии Эрон гуфт, мақомоти Ҷумҳурии исломӣ 5 нафарро бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳои пасоинтихоботӣ ба қатл маҳкум кардаанд. Ин гузориш аз қавли қувваи қазоияи Эрон гуфт, ин 5 нафар аъзои “ гурӯҳҳои террорист ва мусаллаҳи мухолифи давлат” будаанд.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс навишт, ки мақомоти Эрон то кунун дастикам 3 нафарро бо ҷурми даст доштан дар ошӯбҳое, ки ин кишварро ба дунболи эълони пирӯзии раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи 12 июн фаро гирифт, ба қатл маҳкум карда буданд.
Дар пайи он ошӯбҳо, мақомоти Эрон шумори бузурге аз фаъолон ва раҳбарони мухолифинро бо иттиҳоми талоши таҳияи табаддулот бо ҳадафи барандохтани низом ба додгоҳ кашонид.
XS
SM
MD
LG