Пайвандҳои дастрасӣ

Артиши Покистон пешрафтҳояшро ба намоиш гузошт


Артиши Покистон мегӯяд, нирӯҳояш аксари пойгоҳҳои аслии Толибонро дар Вазиристони ҷанубӣ тасарруф кардаанд. Низомиён рӯзи сешанбе хабарнигоронро тавассути чархболҳо ба шаҳрҳои Лаза ва Сарароға бурданд, то ки пешрафтҳои ахири бадастомада дар ҷараёни амалиёти густарда алайҳи ҷангиёни толибро ба онҳо намоиш диҳанд. Сухангӯи артиши Покистон генерал Атҳар Аббос гуфт, аз оғози ин амалиёт, яъне аз 17 октябр ба ин сӯ, беш аз 500 ҷангӣ ва 70 сарбози артиш кушта шуданд. Манобеъи мустақил имкони таъйид ваё тардиди ин иддаоро надоранд. Кормандони имдодӣ низ ба минтақаи даргириҳо роҳ дода намешаванд.
XS
SM
MD
LG