Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти сарони ИА ва Русия дар Стокҳолм


Раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев имрӯз дар Стокҳолм, пойтахти Шветсия бо раҳбарони ИА масоили тиҷоратӣ ва тазмини қарордодҳои содироти гази Русия ба Аврупои ғарбиро баррасӣ мекунад. Медведев дар ин ҳамоиш бо Фредрик Рейнфелдт, сарвазири Шветсия, ки раёсати давраии ИА-ро бар дӯш дорад, ва бо раиси Кумиссиюни Аврупо Ҷозе Мануэл Баррозо ва бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Хавйер Солана пушти мизи гуфтугӯ хоҳад нишаст.
Як мавзӯъи аслии баррасӣ роҳҳои ҷилавгирӣ аз бурузи баҳси нави Русияву Украина бар сари масоили газ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG