Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳошимӣ қонуни интихоботи Ироқро вето гузошт


Ноиби раисиҷумҳури Ироқ Тариқ Ҳошимӣ, ки дар ин мақом аз сунниҳо намояндагӣ мекунад, рӯи бахше аз қонуни интихобот вето гузошт, ки барномаи дар моҳи январ барпо кардани интихоботи саросарии Ироқро дигарбора зери суол мебарад.
Тариқ Ҳошимӣ гуфт, далели вето гузоштанаш ин буда, ки қонуни интихобот ба ироқиҳои хориҷ, ки ағлабаш сунниҳои ба иллати хушунатҳои мазҳабӣ тарки Ироқ кардаанд, теъдоди кофии курсиҳои парлумониро қоил намешавад: “Ман мухолифи тамоми қонун нестам, вале банди аввали он бояд нисбат ба ироқиҳое, ки дар хориҷ ба сар мебаранд, одилона бошад. Шояд Шӯрои вакилон дар як иҷлоси алоҳида битавонад рӯи ин пешниҳод тасмим бигирад.”
Дар пайи ҳафтаҳои баҳсҳои шадид парлумони Ироқ дар ҳафтаи гузашта бо тасвиби як тарҳи гузашткоронаи қонуни интихобот роҳро барои интихоботи 18 январ боз кард.
Аммо дирӯз ҳукумати Курдистони Ироқ ҳам эълон кард, ки агар шумори вакилон аз вилоёти курднишин боло бурда нашавад, интихоботро таҳрим хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG