Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Барқи Тоҷик" қарзи Сангтӯда-1-ро хоҳад пардохт


Раиси ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” гуфт, ки ин ширкат 14,5 миллион доллар қарзи ҷамъшудаи нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро марҳала ба марҳала, дар зарфи 5 моҳи оянда пардохт хоҳад кард. Оқои Раҳимов гуфт, ду ҷониб ба таври хаттӣ ба чунин тавофуқ расидаанд. Тибқи ин тавофуқ, ҷониби Тоҷикистон бар изофаи ӯҳдадориҳои ҷории худ, бояд ҳар моҳ ба нирӯгоҳи Сангтӯдаи як 5-миллиондолларӣ пардохта карда, қарзи ҷамъшудаашро дар 5 моҳ соф кунад.
Дар ҳафтаи гузашта раҳбарияти нирӯгоҳ, ки 75 дарсади саҳмияҳояшро Русия дар даст дорад, дар як нома ба сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ҳушдор дод, ки дар ғайри сурати пардохти ин қарз тавлиди нирӯи барқро қатъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG