Пайвандҳои дастрасӣ

Саҳмияҳои Роғун ба зудӣ ба бозор медароянд


Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳия ва нашри ҳарчӣ зудтари саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғун шуда, гуфтааст, ин саҳмияҳо ба хотири ҷалби сармояи изофӣ ба манзури бунёди ин иншооти ҳаётан муҳим бояд алакай аз ибтидои соли оянда ба фурӯш гузошта шаванд.
Тоҷикистон соли гузашта эълон кард, ки эҳдоси нирӯгоҳи Роғунро мустақилона шурӯъ мекунад. Дар будҷаи давлатии соли оянда ба ин мақсад ҳудуди 650 миллион сомонӣ, муодили 148 миллион доллар, ихтисос дода шудааст.
Ҳазинаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғун дар ҳудуди аз 2 то 3 миллиард доллар ва иқтидори солонаи тавлидотиаш 13 миллиард киловатт-соат нирӯи барқ баровард шудааст.
XS
SM
MD
LG