Пайвандҳои дастрасӣ

Тиҷорати хориҷии Суғд 71 фоиз коҳиш ёфтааст


Идораи гумруки вилояти Суғд мегӯяд, мизони тиҷорати хориҷии ин вилоят, бо шумули содироту воридоти барқу газ, тайи 10 моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 255 миллион доллар, ё худ 71,4 дарсад коҳиш ёфта, ҳамагӣ 639 миллион долларро ташкил додааст.
Вилояти Суғд имсол аз кишварҳои хориҷӣ ба маблағи 528 миллион доллар мол ворид карда, аммо ҳаҷми содироташ ба хориҷ ҳамагӣ ба чизе дар ҳудуди 111 миллион доллар баробар шудааст, назар ба соли пеш 81 дарсад камтар будааст.
XS
SM
MD
LG