Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи навбатии Ояндасоз-Мюзик дар бораи ширкати сарояндагони тоҷик дар озмуни бонуфузи мусиқии Big Apple Music Awards дар Ню Йорк нақл мекунад.

Маросими супурдани ҷоизаҳои Big Apple Music Awards бори дуввум аст, ки дар Ню Йорк баргузор шуд. Таъсисдиҳандаи аслии ин маросим шабакаи телевизионии Амрико Эридуни ТиВи аст. Ин канали телевизионӣ ба мусиқии Қафқоз ва Осиёи Марказӣ тамаркуз мекунад ва соли гузашта бори нахустин ҷоизаҳои Big Apple Music Awards ба ҳунармандон аз Узбакистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон сурпурда шуд.

Яке аз масъулин ва таъсисдиҳандагони консерт Стелла Бояҷиян ба мо гуфт ки соли ҷорӣ барои ширкат дар ин озмуни мусиқи намояндагони Арманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон, Узбакистон ва исроил омада буданд. Илова бар ин дар консерт овозхононе ширкат варзиданд ки дар Амрикову Канада ва Аврупо ба сар мебаранд аммо рақсу сурудҳои кишварҳои минтақаро иҷро мекунанд, назири гурӯҳи рақсии яҳудиҳои Қавқоз, арманиҳову гурҷиҳои муқими ин ҷо, ситораҳои эронитабори Лосанҷелесу Аврупо.

Хонум Бояҷиян ба мо гуфт, ки имсол аз Озарбойҷон овозхони маъруф Аюб Ёқубов даъват шуда буд, аммо баъд аз дарёфти раводиди сафару чиптаҳо вай хабар дод ки бино ба фишор аз ҷониби мақомдорони расми ва баъзе афрод омаданашро лағв кардааст. Ба гуфтаи Аюб Ёқубов баъзеҳо дар Озарбойҷон нахостанд ки овозхони озарӣ дар як саҳна бо намояндагони Арманистон ҳунарнамоӣ кунад.

Намояндагони Тоҷикистон бори нахустин ба ин маросим даъват шуданд.

Шоми якшанбе дар Манҳеттен-сентри Ню-Йорк воқеъ дар пуродамтарин хиёбонҳои “пойтахти дунё” маросими супоридани ҷоизаҳои Big Apple Award доир гашт. Дар консерт ки аз ҷониби соҳибкорони мустақил ташкил шуд, 35 нафар овозхону навозанда, дастаҳои рақсиву ҳунармандон аз Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Исроил ва Амрико ширкат варзиданд.

Дар баробари ситораҳои ҳунари ҷаҳони форсизабонҳо назири Орашу Андӣ, овозхони маъруфи исроилӣ Алабина Иштар, ҳунарманди шоистаи Ӯзбакистон Насиба Абдуллоева ва дигарон бори нахуст се ҳунарманди ҷавони тоҷик - Шабнами Сураё, Баҳром Ғафурӣ ва Ҷонибеки Мурод ҳам дар ин саҳна ҳунарнамоӣ карда ба ҷоизаҳои мухталиф ноил шуданд. Дар толори Манҳеттан-сентр, ки гунҷоишаш беш аз се ҳазор нафар аст, ягон курсии холӣ намонда буд ва ҳангоми ҳунарнамоии овозхонҳои тоҷик тамошобинон бо кафкӯбиву аҳсантгӯиҳо онҳоро истиқбол мекарданд.

Дар ин маросим ба Ҷонибек Муродов ҷоизаи “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон”, ба Шабнами Сураё – “Беҳтарин овозхони зан аз Тоҷикистон” ва ба Баҳром Ғафурӣ мукофоти “Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон” супурда шуд. Тамошобинон ҳунарнамоиҳои Шабнаму Баҳромро хеле гарм истиқбол карда ҳангоми ҳунарнамоии онҳо баробар дастафшониву ҳамоҳанг ба оҳангҳояшон рақсу покӯбӣ мекарданд.

Шабнами Сурайё
Ҳавасмандони Шабнами Сураё муштоқи дидори вай буданд ва дар даромадгоҳи толори консертии Манҳеттен-Сентр баромадани вайро баъди консерт бо гулдаставу дастгоҳҳои аккосӣ ва дафтарчаҳо ба хотири гирфтани соядаст мунтазир буданд. Шабнам ҳам хеле ҳаяҷонзада шуда буд ва эҳсосоташро ин тавр баён кард.

Вай гуфт, “рости ҳеҷ боварӣ надоштам, лекин худо ба ин роҳ маро овард. Шукри худо мегуям ва аз Тоҷикистони азизам бисёр розӣ ҳастам. Ҳамеша мехоҳам, ки номи Тоҷикистон дар кулли дунё “намбер уан” бошад. Ҳар як инсон орзу дорад ва ман барои расидан ба ин орзуям бисёр заҳмат кашидам. Коре нест, ки тез ба даст биёяд. Аввало Худо, албатта, ва дуввум дастгирии падару модарам буд, ки ба ин ҷо омадам.”

Ҷонибеку Баҳром низ эҳсосоти ҳамсон доштанд. Баҳром Ғафурӣ, ки овози дилнишину нерӯмандаш ҷамъомадагонро ба ҳайрат овард, мегуфт худро хеле хушбахт эҳсос мекунад: “Ман хеле хушбахтам, ки маро ба ин маросими Big Apple Award даъват карданд ва ман дар баробари ҳофизони бузург ҳунарнамоӣ мекунам.”

Ҷонибек Муродовро, ки ҳамроҳ бо Шабнами Сурайё соли ҷорӣ дар Амрико силсилаконсертҳо баргузор карда буд, аллакай мешавад собиқадори саҳнаҳои хориҷӣ номид. Алоқамандони ҳунари вай дар толор кам набуданд ва ҳангоми муаррифии навбати вай барои баромадан ба саҳна исми ӯро бо садои баланд фарёд мекарданд. Баъд аз ҳунарнамоӣ ва гирифтани ҷоизаи “Беҳтарин овозхони мард аз Тоҷикистон” вай ба радиои Озодӣ гуфт, ки умед дорад номи Тоҷикистонро дар ҷаҳон боз ҳам баландтар бардорад.

Ҷонибек Муродов
Ҷонибек афзуд, “ман бисёр хурсанд ҳастам, фақат ба фикрам орзу мекардам ва аз худо талаб мекардам, ки дар чунин консертҳо иштирок кунам. Ва имрӯз дар худи Ню-Йорк дар Манҳеттен-Сентр консерти мо баргузор гардид ва мо Тоҷикистонро ба фикрам бисёр хуб намояндагӣ кардем. Бисёр хушбахтам, рӯз ба рӯз орзуҳои ман ҷомаи амал мепӯшанд ва ман иншооллоҳ санъати тоҷикро ба тамоми ҷаҳон мебардорам”.

Консерт дастикам севуним соат идома кард ва дар фарҷомаш ситораҳои саршиноси эронӣ - Андиву Ораш ва ҳунарманди яҳудӣ Алабина Иштар сурдхонӣ намуданд ва ҷоизаҳои баланди ин озмун низ насиби онҳо гашт. Хонум Алабина Иштари исроилӣ сурудҳоро бо забони арабӣ иҷро мекард ва дар поёни баромадаш гуфт, ки исроилиҳо ва арабҳо ду халқи бародаранд ва санъат метавонад ин ду миллатро бо ҳам тифоқ кунад. Вай изҳори умедворӣ намуд, ки пешвоёни ин миллатҳо рузе тавонанд ба чунин созиш дар арсаи сиёсӣ низ даст ёбанд.

Дар консерт ҳамчунин овозхонон Дато ва Тамара Давиташвилӣ аз Гурҷистон, Ҷовид Шариф аз Афғонистон, Фирдавс аз Ӯзбакистон, Коби Перетс аз Исроил, дастаҳои рақсии “Лязгинка” ва “Кавказ”-и Ню-Йорк, “Арманик”-и Лос-Анҷелес ва дигарон ширкат варзиданд.

Бояд гуфт, ки ҳарчанд дар гузашта ҳам овозхонҳои тоҷик ба гунае дар саҳнаҳои хориҷӣ ё ғарбӣ ҳунарнамоӣ мекарданд, аммо дар воқеъ ин нахустин бор аст, ки якбора се овозхони попи тоҷик дар як озмуни ғарбии мусиқии замонавӣ иштирок карда соҳиби ҷоиза мешаванд. Мусиқишиносон мегӯянд, ки тавассути фаъолияти ҳунарии хеле рӯшани Шабнаму Ҷонибек дар солҳои охиру ҳунармандони мисли Манижа, Нобовар Чаноров ва гурӯҳи “Шамс” дар гузашта ҳаводорони мусиқии ҷаҳони форсизабонҳо тоза аз наздик бо навои тоҷикӣ ошно мешаванд ва пули фарҳангии миёни ин мардум ҳам ба ҳамин минвол мустаҳкимтар барқарор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG