Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Исроил тарҳеро муаррифӣ карданд, ки тибқи он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ, ки фаластиниҳо онро азони худ мехонанд, бояд 900 воҳиди нави манзилҳои истиқоматӣ бунёд шавад.

Фаластиниҳо, ИМА ва Бритониё ҳамоно баъд аз нашри тарҳ онро мавриди интиқод қарор доданд.

Бо нашри тарҳ, комиссияи тарҳрезии ноҳияҳои Байтулмуқаддас мехоҳад омма дар баҳс ширкат варзида, пешниҳоду назару ислоҳоти худро ироа кунад. Сухангӯи шаҳрдории Байтулмуқаддас Гиди Шмерлинг гуфт, то тасвиби ниҳоии тарҳ “чандин моҳ” фурсат ҳаст. Намояндаи фаластиниҳо дар музокироти сулҳи Ховари Миёна Соиб Аракот ба ин қадами исроилиҳо билофосила вокуниш нишон дода, гуфтааст, агар Исроил мехоҳад Байтулмуқаддаси шарқиро низ расман таҳти назорати худ бигирад ва сохтмонро оғоз кунад, пас музокироти сулҳи Ховари Миёна дигар ягон маънӣ надорад.

Кохи сафед ва Вазорати корҳои хориҷии Амрико нақшаи Исроилро “изтиробангез” номиданд. Дар баёнияи сухангӯи Кохи сафед Роберт Гибс қадами яктарафаи Исроил интиқод шуда, гуфта мешавад, мушкили Байтулмуқаддас бояд аз тариқи гуфтушуниди ду ҷониб ҳал гардад. Бритониё низ тарҳи тавсиаи ноҳияи Гило ба қисматҳои Байтулмуқаддаси шарқиро мавриди интиқод қарор дод. Дар ноҳияи Гило дастикам 40 ҳазор исроилӣ ба сар мебаранд.

Дар баёнияи Бритониё гуфта мешавад, Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар ошкору равшан ишора намуда буд, ки ягона созиши мӯътабар дар мавриди Байтулмуқаддас – розӣ шудан ба мақоми пойтахти муштарак мебошад. Дар ин баёния омадааст, бунёди манзилҳои исроилӣ дар қаламрави Байтулмуқаддаси шарқӣ расидан ба ин созишро мушкилтар хоҳад кард ва ба ҳамин хотир тасмим дар бораи ноҳияи Гило иштибоҳ аст ва Британиё мухолифи он аст.

Мавзӯи Байтулмуқаддас ва шаҳрчаҳои яҳудинишин бандҳои калидӣ дар гуфтушунидҳо миёни фаластиниҳо ва Исроил мебошад. Исроил Байтулмуқаддаси шарқиро баъд аз ҷанги соли 1967 ишғол намуд, аммо ҳеҷ кадом кишвари ҷаҳон инро напазируфт. Дар шаҳракҳое, ки атрофи Байтулмуқаддаси шарқӣ сохта шудаанд, наздик ба 180 ҳазор исроилӣ зиндагӣ мекунанд.

Тел-Авив таъкид дорад, ки Байтулмуқаддаси шарқӣ бахши ҷудонопазири Исроил аст ва кӯшишҳои манъи сохтмони манзилҳоро дар ин минтақа қатъиян рад мекунад. Раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос шарт гузошта буд, ки қабл аз саргирии музокироти сулҳи Ховари миёна бояд бунёди шаҳракҳои яҳудинишин мутаваққиф шавад. Низоъи аслӣ дар гирди масҷиди ал-Ақсо ҷараён дорад, чунки ҳар ду ҷониб даъво доранд, ки ин қисмати шаҳр ба онҳо тааллуқ дорад.
XS
SM
MD
LG