Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Медали нуқраи варзишгари тоҷик дар Булғористон


Расми тақдими медалҳо дар Булғористон, 17 ноябри соли 2009.

Расми тақдими медалҳо дар Булғористон, 17 ноябри соли 2009.

Сайёд Шайхов, як донишҷӯи Донишгоҳи Хуҷанд, дар сабқати ҷаҳонии самбо дар дар шаҳри Самокови Булғористон соҳиби медали нуқра шуд.

Сайёд мегӯяд, дар ин сабқати ҷаҳонӣ, ки беш аз 400 варзишгар аз 30 кишвари дунё иштирок намуданд, бо мағлубият аз варзишгарони Олмону Қазоқистон ва ҳам Ӯзбакистон ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, дар сабқати ниҳоӣ бо мағлубият аз варзишгари озарбойҷонӣ соҳиби ҷои дуввум шудааст.

Донишҷӯи варзишгар мегӯяд, то ин замон дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байнулмилалӣ ширкат карда, борҳо Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст.

Вай афзуд, «соли 2008 дар мусобиқоти Осиё, ки дар шаҳри Тошканд доир гардид, дар вазни то 65 кило бо мағлубияти ҳарифон соҳиби ҷои аввал ва чемпиони Осиё гардидам».

Аз Сайёд пурсидам, ки оё машғул шудан ба варзиш ба рафти донишандӯзӣ монеа намешавад, чунки ӯ ҳоло дар курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Хуҷанд таҳсил мекунад.

Сайёд мегуяд, ҳанӯз ӯ аз оғози таҳсил дар мактаби олӣ ба варзиш машғул шуда, варзишро як шуғли дӯстдошта баробар ба пешаи ҳӯқуқшиносӣ мешуморад. Вай мегӯяд, ният дорад бо такмили донишаш дар риштаи ҷомеашиносӣ ҳамчунин дар сабқатҳои байнулмиллалӣ мақоми Тоҷикистонро боло бардорад.

Ҳамсӯҳбатам мегӯяд, ҳавасмандкунии ҷавонон як омили муҳим дар роҳи рушду инкишофи варзиш аст, вале, мутаасифона, масъулин ба ин масала эътибори кам зоҳир мекунанд. Вай меафзояд, варзишгарони хориҷӣ бо шароити хуби молӣ ба сабқатҳо омодагӣ мегиранд ва барои ишғоли ҷойҳои намоён мавриди қадрдонӣ қарор мегиранд.

Сайёд бо изҳори таассуф мегӯяд, то ҳол ба мушоҳида мерасад, ки аксар варзишгарони тоҷик аз сабаби шароити нокофии иқтисодӣ барои таъмини вазъи иқтисодӣ ба корҳои дигар машғул шуда, варзишро ба як кори дуюумдараҷа табдил кардаанд.

Сайёд орзу дорад, баъд аз хатми донишгоҳ дар ягон ниҳоди давлатӣ кору фаъолият намуда, дар баробари он мақоми варзишро дар кишвар баланд бардорад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG