Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мунтазири посухи зуди Эрон аст


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мегӯяд, Эрон барои посух додан ба пешниҳоди байналмилалӣ дар мавриди барномаҳои атомиаш “фурсати бисйор кам” дорад. Қудратҳои ҷаҳонӣ бо мусоидати Созмони Милал ба Эрон тарҳеро ироа кардаанд, ки ҳадаф аз он фӯру нишондани нигарониҳои ҷомеаи байналмилал аз барномаҳои баҳсбарангези атомии Эрон аст. Ян Келлӣ сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, посух надодани Эрон ба ин пешниҳод боиси авҷ гирифтани ноумедиҳо шудааст. Вай афзуд: " Мо ҳамеша аз додани мӯҳлати расмӣ худдорӣ кардаем, аммо фақат инро мегӯям, ки он фурсат бисйор кам мондааст." Бар асоси тарҳи мазкур, ки моҳи октябр бо миёнҷигарии Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ ба даст омад, Эрон бояд 75 дар сади ураниуми ғализии ками худро ба Русияву Фаронса бифристад, то аз он ураниуми нохолис барои реактори таҳқиқоти Эрон ҳосил кунанд. Тарҳи мазкурро Амрикову Фаронса ва Русия тарафдорӣ намудаанд.
XS
SM
MD
LG