Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нишасти сарони Русияву Аврупо оғоз мешавад


Дмитрий Медведев – раиси ҷумҳури Русия имрӯз, дар шаҳри Стокҳолм қарор дорад, то дар ҳамоиши сарони Иттиҳодияи Аврупо ва Русия ширкат кунад. Дар ин нишаст, ба масоили тиҷорат ва таъмини муназзами Аврупои Ғарбӣ бо гази русӣ таваҷҷӯҳ хоҳад шуд. Дар нишаст, Дмитрий Медведев ва Фредерик Рейнфелдт – нахуствазири Шветсия, раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо, Хосе Мануел Барроссо – раиси кумиссиён ва Хавиер Солана –сиёсатгузори умури хориҷаи иттиҳодия, ширкат мекунанд. Интизор меравад, дар нишаст шеваҳои ҷилавгирӣ аз баҳси Русияву Укроинро барассӣ намоянд, ки боиси халалдор гаштани интиқоли газ ба Аврупо мешавад. Дар соли гузашта як чунин баҳс чанд кишвари аврупоро дар чиллаи зимистон бе гази кофӣ гузошт.
XS
SM
MD
LG