Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави Исроил барои шаҳраксозӣ


Мақомоти Исроил мегӯянд, бунёди шаҳракҳои яҳудинишин дар Байтулмуқаддаси Шарқиро тавсиа хоҳанд дод, ки ин қаламравҳоро фаластиниён аз они худ медонанд. Исроил рӯзи сешанбе тарҳи нави бунёди 900 воҳиди дигари манзилҳои истиқоматиро муаррифӣ кард, ки боиси вокуниши манфии Фаластиниёнро ба бор овард. Сойиб Аракот – музокиракунандаи аршади Фаластиниён гуфт, бо идомаи шаҳраксозиҳои Исроил дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ музокироти сулҳ бо он кишвар ҳеҷ маънӣ надорад. Дар Вашингтон, Ян Келлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико тарҳи тавсиаи шаҳраксозиҳои Исроилро, “изтиробангез” номид. Ҳукумати Бритониё ҳам аз ин тасмими ҳукумати Исроил танқид кард. Байтулмуқаддас ва шаҳраксозиҳои Исроил аз бандҳои муҳими музокирот миёни Фаластиниёну Исроил аст. Вазири умури дохилаи Исроил гуфт, ки тарҳи нав метавонад, бознигарӣ шавад.
XS
SM
MD
LG