Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фиръавнҳо ҳам сактаи қалб доштаанд


Як табиби бемориҳои қалб аз Амрико мегӯяд, зоҳиран ин навъи бемориҳо аз даврони қадим вуҷуд доштаанд ва натиҷаи ташхиси мумиёҳои Миср исботи ин гуфтаанд. Рандал Томсон ҳамроҳ бо чанд пажӯҳишгар, бо истифода аз абзорҳои пешрафтаи рентгенӣ дар Осорхонаи бостоншиносии Қоҳира 22 ҷасади мумиёшуда дар аҳди пеш аз милодро ташхис кардаанд. Рандал Томсон мегӯяд, бофтаҳои рагҳои хунгард ва дили 16 мумиё ҳанӯз ҳам боқӣ мондааст ва аз миёни ин 16 ҷасади мумиёшуда, дар нӯҳтои онҳо, кашиши шоҳрагҳо мушоҳида мешавад. Ҳатто дар яке аз онҳо нишонаҳои сактаи қалбӣ ҳам вуҷуд доштааст. Доир ба ин пажӯҳиш дар конфронси Иттиҳодияи табибони бемории қалб дар Амрико дар шаҳри Орландон гузориш доданд.
XS
SM
MD
LG