Пайвандҳои дастрасӣ

Мо, як гурӯҳ донишҷӯёни Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз хурсанд аз он ҳастем, ки дар ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя -- Чин таҳсили худро сарбаландона идома дода истодаем.

Дар Чин донишҷӯёни зиёди тоҷик дар риштаҳои гуногун таҳсил карда истодаанд ва як қисми мо бо квотаи байниҳукуматӣ барои таҳсил омадем. Қисми дигарамонро муҳити хуби таълиму тарбия ва имкониятҳои замонавии таҳсил ба ин кишгвар овард.

Тифоқию рафтору кирдори неки мо ва муттаҳидии чавонони тоҷик боис шуд, ки зуд дар байни донишҷӯёни хориҷӣ мавкеъ пайдо намоем. Маҳз ҳамин аз лиҳози мусбат муаррифӣ намуданамон сабаб шуд, ки донишҷӯёни дигар ба фарҳангу ҳунари мо таваҷҷӯҳи зиёда дода, дар дил орзуи дидани Тоҷикистон ва ҳатто омӯхтани забони тоҷикиро намуданд.

Мо дар ин кишвар мусофир ҳастем ва ҳамеша аз ҳоли ҳамдигар хабардорем ва якдигарро дастгирӣ менамоем. Мо ба таҳсили ҳамдигар кӯмак мерасонем, зеро хуб медонем, ки ояндаи кишвари азизамон Тоҷикистон ба мо -- насли ҷавони ҷомеа бастагӣ дорад.

Фатҳулло Саидов

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG