Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боку интиқоди Олмон ва Норвегияро рад кард


Вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон мақомоти Олмон ва Норвегияро дар дахолат ба умури кишвар айбдор кард. Ин кишварҳо таъқиби блогнависон аз сӯи мақомоти Озарбойҷонро интиқод кардаанд. Вагиф Содиқов, муовини вазири умури хориҷаи Озарбойҷон, гуфт, ки “интиқоди Боку аз сӯи Олмон ва Норвегия бепояву бунёд аст ва ба сатҳи ҳамкориҳои миёни Озарбойҷон ва ин кишварҳо мутобиқ нест”. Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш як додгоҳи шаҳри Боку ду блогнависи ҷавони озариро бо иттиҳоми “авбошӣ” барои ду ва дувуним солӣ равонаи зиндон кард. Аднон Ҳоҷизода ва Эмин Миллӣ, тобистони соли равон, баъд аз як муноқиша дар тарабхона боздошт шуда буданд. Ва аммо онҳо дар мурофиаи додгоҳӣ гуфтанд, ки парвандаашон ангезаи сиёсӣ дорад, зеро дар блогҳои худ мақомоти Озарбойҷонро танқид мекарданд.
Аз ин пеш ҳукми додгоҳ дар баробари блогнависҳои озарӣ ҳадафи интиқоди Шӯрои Аврупо ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳам қарор гирифта буд.
XS
SM
MD
LG