Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравпулӣ – монеаи интихоботи озод


Tajikistan - Muhibullo Dodojonov, chairman of Central Election Comission of Tajikistan, Dushanbe, 12Nov2009

Tajikistan - Muhibullo Dodojonov, chairman of Central Election Comission of Tajikistan, Dushanbe, 12Nov2009

Бархе аз аҳзоби сиёсӣ пардохти гарави интихоботиро монеаи аслӣ барои баргузории интихоботи демократӣ ва вуруди ин аҳзоб ба порлумон меноманд.

Абдулаҳад Сафаров, устоди бахши муносибатҳои байнулмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, вай ҳанӯз дар интихоботи порлумонии соли 2005 қасди номзад ба вакилиро дошт, аммо ба иллати мушкилоти пардохти гаравпулӣ ва ҷамъоварии имзои интихобкунандагон натавонистааст, вориди маъракаи интихоботӣ шавад.

Вай меафзояд, дар интихоботи порлумонии соли 2010 низ ба ин далел наметавонад ширкат кунад. Ҳарчанд ба гуфтаи Сафаров хеле дилаш мехоҳад дар порлумони Тоҷикистон бошад.

Аммо Абдулаҳад Сафаров танҳо зиёие нест, ки мушкилоти пардохти гаравпулии интихоботӣ ва ҷамъоварии имзоҳои тарафдоронро монеъе аслӣ барои ширкат дар интихоботи порлумонии соли 2010 дар Тоҷикистон медонад. Садҳо тани дигар низ дар рӯ ба рӯи ин мушкил қарор доранд, ҳарчанд ба гуфтаи онҳо мутахасиси соҳаи хеш ҳастанд ва қобилияти дар порлумон ифои вазифаро доранд.

Гарави интихоботӣ – сесола маоши муаллим

Моддаи 32 қонуни конститутсионии ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Тоҷикистон» гарави интихоботӣ ном гирифта ва номзад ба вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумон, пеш аз сабт аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ба миқдори 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ месупорад.

Ба ин тартиб масъулони Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон мегӯянд, тибқи нишондиҳандаи ҳисоб ин маблағ дар шароити феълӣ ҳудуди ҳафт ҳазор сомонӣ ё муодили 1, 5 ҳазор доллари омрикоиро ташкил медиҳад.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки пардохти ин миқдор маблағро куллияи аъзои ин ҳизб надорад. Вай афзуд, «ҳизби мо 50 ҳазор имзо дорад ва дар маҷмӯъ куллия аъзо ва тарафдорони мо 500 ҳазорро ташкил медиҳад. Лекин маоше, ки онҳо мегиранд, барои гаравпулӣ басанда нест. Ҳатто сесола маоши як муаллим ё корманди соҳаи дигар кофӣ нахоҳад буд. Танҳо дар сурати нахӯрдан ва напӯшидан онҳо метавонанд ин маблағро ҷамъоварӣ кунанд, дар ниҳоят худашон аз гуруснагӣ мемуранд».

Аз сӯи дигар бар асоси моддаи 35-и қонуни интихоботи Тоҷикистон, ба манзури сабти номи номзад, агар худпешбарӣ бошад, 500 имзои интихобкунандагон ҷамъоварӣ карда мешавад. Раҳбари коммунистони Тоҷикистон мегӯяд, иҷрои ин талаботи қонун барои ин ҳизб ва номзадҳои алоҳидаи он мушкилӣ нахоҳад дошт. Зеро ин ҳизб аз аъзо ва тарафдорони зиёде бархурдор аст.

Монеа дар роҳ ба сӯи бисёрҳизбӣ

Аммо Абдуҳалим Ғаффоров, раҳбари Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, бар ин назар аст, ки ин талабот муғоир ба қонун буда ва пардохти гарави интихоботӣ монеае барои ворид шудани аҳзоби мухталиф ба порлумон мебошад. Вай мегӯяд, «албатта ин мушкил монеаии аслӣ барои бисёрҳизбӣ шудани порлумон шудааст. Чун дигар ҳизбҳои сиёсӣ низ мехоҳанд дар канори дигар ҳизбҳои шомил дар порлумон бошанд ва омили гуногунандешӣ ва бисёрҳизбӣ ва касбӣ шудани порлумони Тоҷикистон гардад. Бояд гаравпулӣ бардошта шавад ва ё маблағи он кам гардад».

Чунин вазъ боиси он шудааст, ки Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон тасмим дорад, аз нерӯи афроди тоҷир ва сарватманд дар пешбарии номзадҳои ҳизбӣ ва дар ҳавзаҳои интихоботӣ истифода кунад. Афзун бар ин ҷаноби Ғаффоров мегӯяд, ҳанӯз равшан нест, ки дар феҳрасти номзадҳои ҳизби сотсиалист, куллия 22 нафар номзади ин ҳизб ворид хоҳанд шуд ё хайр. Зеро бар асоси қонун ҳар ҳизби сиёсие, ки сади панҷ дарсадии интихоботиро мегузарад, муваззаф аст, ки маблағи гарави интихоботиро барои ҳар номзади воридшуда ба порлумон пардохт кунад.

Ин дар ҳолест, ки аксари аҳзоби сиёсии Тоҷикистон зимни таҳияи пешниҳодот барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба қонуни интихобот дар як соле пеш, хостори лағви гарави интихоботӣ аз қонун шуда буданд. Бо он ки бештари пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ, ба хусус аҳзоби мухолиф дар гурӯҳи корӣ ҷонибдорӣ ёфта буд, аммо ин тарҳ, ки аз сӯи Ҳизби коммунист ба Маҷлиси намояндагон ироа шуда буд, рад карда шуд.

Назари мақомоти расмӣ

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, пардохти гарави интихоботиро мутобиқ ба меъёрҳои байнулмилалӣ донист ва гуфт, «гарави интихоботӣ ҳанӯз дар соли 2004 ба қонуни конститусионӣ ворид карда шуда буд. Худи принсипи гузарондани интихобот тавсеаи Комиссиюни Аврупоӣ аст ва таъкид шудааст, ки ҳар номзад ё ҳизби сиёсӣ бояд гарави интихоботӣ пардохт кунад».

Дар ҳамин ҳол Марк Фумагалӣ, мушовири умури сиёсии Тоҷикистон ин иддаоро рад кард ва гуфт, «Иттиҳоди Аврупо раванди интихоботҳоро дар минтақаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо назорат намекунад ва ба кишварҳо низ тавсиа намедиҳад. Аммо ин созмон маъмулан ба тавсеаҳои САҲА мувофиқ аст. Агар ба гузориши ин созмон дар пайи интихоботи порлумонии 2005 дар Тоҷикистон назар афканем, пас яке аз пешниҳодоти умдаи ҳайати нозирони САҲА коҳиш додани маблағи гаравпулӣ аст. Зеро тибқи тавсеаи ин ҳайат маблағи гаравпулии интихоботӣ дар қонуни интихоботи Тоҷикистон хеле зиёд аст ва номзадҳо тавони ҷуброн кардани онро надоранд».

Бо ин ҳама гарави интихоботӣ ва ҷамъоварии имзоҳои тарафдор аз талаботҳои аслӣ дар интихоботи қарибулвуқуи порлумонӣ боқӣ мемонад.

Мухолифон ва ҷонибдорони гарави интихоботӣ

Аз миёни ҳашт ҳизби сиёсӣ дар Тоҷикистон танҳо ҳизбе, ки аз пардохти гарави интихоботӣ ҳамеша ҷонибдорӣ кардааст, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аст.

Ҷурахон Бӯриев, раиси дастгоҳи Ҳизби халқӣ-демократӣ, низ эълон кард, ки ин ҳизб ва номзадҳои он барои ширкат дар интихобот тавони пардохти гаравпулиро доранд. Аммо аҳзоби коммунист ва наҳзати исломии Тоҷикистон, ки шомили порлумон ҳастанд, ҳарчанд мухолифи гаравпулии интихоботианд, аммо мегӯянд маҷбуранд, талаботи қонунро муроот кунанд, то дар интихоботи февралии соли 2010 ширкат дошта бошанд.

Албатта ҳизби коммунист мегӯяд, феҳрасти ҳизбӣ ва муаррифии номзадҳои алоҳидаро ба қадри имкони молӣ таҳия ва пешбарӣ хоҳад кард. Ҳизби наҳзати исломӣ бошад ба мардуми мусалмон умед дорад. Бақия ҳизбҳо, назири ҲСДТ, Ҳизби демократ, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Ҳизби кишоварзӣ низ мушкилоти молиро монеаи аслӣ дар ширкати густарда дар интихоботи қарибулвуқӯъ арзёбӣ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки гарави интихоботии номзади алоҳида ва номзади ҳизби сиёсӣ дар сурати интихоб шуданаш ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба ӯ баргардона мешавад, вале дар ҳолатҳои баръакс ин маблағ баргардонад нашуда, ба буҷаи давлат ворид мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG