Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз солгарди "инқилоби махмалин" дар Чехия


Дар шаҳри Прага аз субҳи имрӯз маросимҳои тантанавӣ ба муносибати 20-умин солгарди "инқилоби махмалин" дар Чехословакияи собиқ идома доранд. Имрӯз садҳо нафар ба маҳаллае омаданд, ки моҳи ноябри соли 1989 намоиши донишҷӯён саркӯб шуда буд ва он ҷо гулдастаҳо гузоштанд. Дар маросими ёдбуд, дигарандеши маъруф ва раисиҷумҳури собиқи Ҷумҳурии Чех Ватслав Ҳавел, раисиҷумҳури феълӣ Ватслав Клаус ва дигар сиёсатмадорону хидоимони ҷамъиятӣ ширкат доштанд. Бар асари инқилоби махмалини 20 соли пеш ҳукумати коммунистии Чехословакия суқут кард ва баъд аз муддате дар ин ҷо ду кишвари мустақил – Ҷумҳурии Чех ва Словакия таъсис шуданд.
XS
SM
MD
LG