Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳримҳо алайҳи Минск мутаваққиф боқӣ монданд


Иттиҳодияи Аврупо имрӯз тасмим гирифт, ки барои боз як сол, яъне то моҳи октябри соли оянда, таҳримҳо алайҳи бархе аз раҳбарони Белорусро мутаваққиф кунад. Брюссел соли 2006-ум алайҳи раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко ва дигар мақомоти кишвар таҳримҳо ҷорӣ ва вуруди онҳо ба кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупоро манъ карда буд. Соли гузашта татбиқи ин таҳримҳо мутаваққиф шуд ва Александр Лукашенко имкони сафари расмӣ ба кишварҳои аврупоиро пайдо кард.
Дар изҳороти ахири Иттиҳодияи Аврупо гуфта шудааст, ки таҳримҳо комилан аз байн бурда нашудаанд, зеро мақомоти Белорус дар татбиқи ислоҳоти сиёсӣ дар кишвар коҳилӣ мекунанд. Ҳамзамон дар ин санад Брюссел барои идомаи ҳамкорӣ бо Минск изҳори омодагӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG