Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Transparency International: Тоҷикистон фасодзада аст


Дар Сомалӣ ва Афғонистон болотарин сатҳи фасод дар ҷаҳон сабт шудааст. Дар гузориши солонаи созмони байнулмилалии
Transparency International ё Шаффофияти байнулмилал, ки имрӯз дар Берлин нашр шуд, сатҳи фасоду ришват дар 180 кишвари олам аз рӯи арзёбии даҳхолӣ арзёбӣ шудааст ва сифр - маънои фасоди сартосарӣ ва 10 – тақрибан орӣ аз фасод буданро нишон медиҳад. Дар Русия ва Украина сатҳи фасод 2,2 нишон дода шудааст ва ин нишони фасодзада будани ин ду кишвар аст.
Дар шохиси Transparency International Тоҷикистон ҳам дар сафи мамолики фасодзада ҷой дорад. Муаллифони гузориш Тоҷикистонро дар ин шохис дар мақоми 158 ҷой дода, сатҳи фасодро бо 2 хол арзёбӣ кардаанд. Сатҳи фасод дар дигар кишварҳои минтақа – Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон аз ин ҳам пойинтар аст.
Transparency International навиштааст, ки дар чанд кишвар – Зеландияи нав, Дания ва Сингапур фасод қариб, ки ба чашм намерасад.
XS
SM
MD
LG