Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нигарониҳо аз афзоиши фасод дар артиши Русия


Бар асари фасод дар артиши Русия ба буҷаи давлат беш аз дуву ним миллиард рубл зиён ворид шудааст. Ба иттилоъи намояндаи Додситонии низомии Русия Александр Никитин, тайи нӯҳ моҳи соли равон тақрибан яку ним ҳазор ҷинояти марбут ба фасоду ришват ошкор гардид, ки 70 дар сади онҳо аз сӯи афсарон содир шудаанд. Александр Никитин дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки дар артиш ба фасод асосан зимни татбиқи қарордодҳои давлатӣ даст мезананд.
XS
SM
MD
LG