Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми муваффақи ҷарроҳии нодир дар Австралия


Табибони Австралия аз анҷоми муваффақи амалиёти ҷарроҳии нодири дугоникҳои баҳамчаспида хабар доданд. Амалиёти дугоникҳо Тришна ва Кришна, ки се сол қабл дар Бангладеш ба дунё омадаанд ва сарҳояшон ба ҳам часпида буд, 25 соат идома кард. Дар ин амалиёт дар бемористони кудаконаи шаҳри Мелбурн 16 ҷарроҳи пуртаҷрибаи кишвар ширкат доштанд. Лео Доннан, сарҷарроҳи ин бемористон, изҳор намуд, ки айни ҳол Тришна ва Кришна худро худ эҳсос мекунанд ва аммо онҳоро барои сиҳати комил роҳи тулоние дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG