Пайвандҳои дастрасӣ

Барак Обама ва Ҳу Ҷин Тао музокирот анҷом доданд


Раисиҷумҳури ИМА Барак Обама ва сарвари Чин Ҳу Ҷин Тао имрӯз дар Пекин музокирот анҷом доданд. Дар нишасти хабарии муштарак Обама гуфт, ки Амрико ва Чин дар мавриди барномаи ҳастаии Эрон назари воҳид доранд – Теҳрон бояд аҳдофи осоишта доштани ин барномаро собит кунад. Ҷонибҳо ҳамчунин эҳёи ҳарчӣ зудтари музокирот оид ба барномаи ҳастаии Кореяи Шимолиро зарур хонданд. Ҳу Ҷин Тао изҳор намуд, ки Вошингтон ва Пекин оид ба мушкилоти тиҷоратӣ машваратҳо доир хоҳанд кард. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Чин, бояд алайҳи протексионизм ё ҳимоятталабӣ дар иқтисод чораҳои нав андешид. Дар музокироти Обама ва Ҳу Ҷин Тао ҳамчунин мавзӯъи мубориза бо гармшавии сайёра ва масоили марбут ба вазъ дар Тибет ва Тайван баррасӣ шуданд.
XS
SM
MD
LG