Пайвандҳои дастрасӣ

Мавзӯъҳои дидори Обама ва Ҳу Ҷинтао


Ҳамкориҳои тиҷоратӣ, Эрону Куриёи Шимолӣ ва тағйири иқлим аз масоили аслии гуфтӯгуи Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ва Ҳу Ҷинтао – раиси ҷумҳури Чин, хоҳад буд, ки имрӯз дар шаҳри Пекин сурат мегирад. Мақомоти Амрико мегӯянд, Барак Обама дар ин гуфтӯгу аз Ҳу Ҷинтао хоҳад хост, то дар робита ба масъалаи атомӣ ба Эрон фишор биёрад. Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷонибдори эъмоли даври чаҳоруми таҳримоти байналмилалӣ ба зидди Эрон нест, ки дигар қудратҳои ҷаҳонӣ пешниҳод кардаанд. Раҳбарони ду кишвар ҳамчунин музокироти шахшуда бо Куриёи Шимолиро баррасӣ хоҳанд кард, ки ҳадаф аз он музокирот хотима додан ба барномаҳои сохти силоҳи атомии ин кишвар мебошад.
XS
SM
MD
LG