Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди Бритониё доир ба Афғонистон


Гордон Бровн – нахуствазири Бритониё, пешниҳод кард, аввали соли оянда дар кишвараш конфронсе дар мавриди таъйини ҷадвали замонӣ барои таҳвили масъулияти таъмини амният ба ихтиёри нерӯҳои Афғонистон баррасӣ шавад. Зимни суханронӣ дар рӯзи душанбе Гордон Бровн дар шаҳри Ланда гуфт, дар ин конфронс чаҳорчӯби таҳвили масъулияти ҳифзи амнияти ноҳияҳои Афғонистон дар соли оянда таҳия шавад. Вай гуфт, ин кор ба нерӯҳои Бритониё ва дигар кишварҳо имкон хоҳад дод, ба тарки Афғонистон шурӯъ кунанд. Гордон Бровн гуфт, нерӯҳои ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон аз ҷумла бо мусоидати артиши Покистон “ба маҳву ба ҳам задани раҳбарияти Ал-Қоида” ноил мешаванд. Нахуствазири Бритониё гуфт, терроризми байналмилалӣ ҳамчунон таҳдиди азим ба амниятии миллии кишвараш боқӣ мемонад ва афзуд, нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон аз он хотир боқӣ мондаанд, то монеъи бозгашти Толибон ва ба паноҳгоҳи амни терористон табдил шудани Афғонистон шаванд.
XS
SM
MD
LG