Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои IAEA аз Эрон барои шаффофият


Амрико мегӯяд, гузориши нави Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ нишон медиҳад, ки Эрон на ҳама аҳдномаҳои байналмилалии атомиро риоят мекунад. Ян Келлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико рӯзи душанбе гуфт, кишвараш қасд дорад, то дар робита ба масоили ҳастаӣ фишор ба Эрон фишорро идома диҳад. Пештар аз ин Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ гузоришеро нашр кард, ки дар он омадааст, Эрон ба аҳди шафофият дар барномаҳои атомиаш вафо накардааст. Оҷонси мазкур рӯзи душанбе гуфт, эъломи охири Эрон доир ба як таъсисоти нави атомиаш суолҳо доир ба эҳтимолияти вуҷуди дигар таъсисоти атомии махфиро ба миён овардааст. Ҳукумати Эрон моҳи сентябр ба оҷонси мазкури Созмони Милал иттилоъ дод, як таъсисоти нави ғанисозии ураниумро дар Форду маҳалле дар наздикии шаҳри Қум бунёд мекунад. Қарор аст, ин коргоҳи атомӣ соли 2011 ба кор шурӯъ кунад. Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ рӯзи душанбе бо нашри гузорише аз Эрон хост, доир ба ҳадафҳои таъсисоти атомии Форду иттилоъи бештар бидиҳад.
XS
SM
MD
LG