Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи хунини тундравон дар Афғонистон


Низомиёни Фаронса мегӯянд, тундравон дар Афғонистон бо партоби ду мушак ба бозоре дар шимолушарқи шаҳри Кобул, дасти кам 12 нафарро кушта ва ҳудуди 20 тани дигарро маҷрӯҳ карданд. Ҳадафи ҳамла ба шаҳри Тагоб, зоҳиран генерали фаронсавӣ Марсел Друарт будааст, ки бо раҳбарони қабилаҳо амалиёти низомӣ дар дараи Тагобро баррасӣ мекард. Бино ба гузоришҳо, ягон сарбози хориҷӣ дар ин ҳамла осеб надидаанд. Нерӯҳои Фаронса ва Афғонистон рӯзи якшанбе амалиётеро ба зидди ҷангҷӯёни Толиб дар дараи Тагоб шурӯъ карданд.
XS
SM
MD
LG