Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бритониё изҳори омодагӣ кард, ки барои анҷоми назарпурсӣ ва омӯзиши афкори ҷомеаи Тоҷикистон дар остонаи интихоботи Маҷлиси намояндагон дар моҳи феврали соли 2010 сармоягузорӣ кунад.

Рӯзи душанбе ба дунболи дидор бо ҳайати Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон як гурӯҳи вакилони порлумони Бритониёи Кабир изҳор дошт, ки барои баргузор кардани нишасту семинарҳо дар остонаи интихобот ба Тоҷикистон кумак хоҳанд кард.

Ҳукумати Бритониё барои танзими бахшҳои омӯзишӣ ва пурсишҳо дар миёни мардум то саршавии интихоботи моҳи феврал маблағгузорӣ мекунад ...
Муҳибулло Додоҷонов, раиси дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Бритониё барои танзими бахшҳои омӯзишӣ ва пурсишҳо дар миёни мардум то саршавии интихоботи моҳи феврал маблағгузорӣ мекунад.

Вай афзуд, «дар ин бахшҳои омӯзишӣ, самтҳои кори Комиссияи интихоботӣ, ҳамкории он бо аҳзоби сиёсии кишвар ва омода намудани ҳавзаҳо ва минтақаҳои раъйдиҳй ва ҳамчунин ба хотири боло бурдани саводи раъйдиҳандаҳо барои шаффофу мунсифона гузаронидани интихобот омӯзиш дода мешаванд. Инчунин мувофиқа шуд, ки ба созмонҳои ғайридавлатие, ки дар баргузории интихобот саҳм мегиранд, кумаки молӣ хоҳанд кард».

Сиёсатшиносон ва таҳлилгарони тоҷик анҷом додани назарсанҷӣ ва омӯзиши намояндагони ҳавзаҳои раъйдиҳиро муҳим мешуморанд. Ғаюр Қаҳҳоров, раиси созмони «Сотсиолог», мегӯяд, ба таври нокофӣ сурат гирифтани ҳамапурсиҳо дар остонаи интихоботи пешин нишон дод, ки мардум ҳатто ба раъйи худ эътимод надоранд ва баъзеҳо намедонистанд, ки ба кӣ овоз диҳанд.

Ба қавли Ғаюр Қаҳҳоров, созмони «Сотсиолог» дар интихоботи соли 2004 як ҳамапурсй анҷом додааст, ки натиҷаи он маърифати кам, саводи паст ва надонистани ҳуқуқҳои сиёии мардумро бештар нишон додаст.

Ва аммо коршинос Исмоил Раҳматов бар ин назар аст, ки ҳарчанд созмонҳои байнулмилалӣ ва кишварҳои кумакрасон талош мекунанд, ки барои баргузор кардани интихоботи демократӣ мусоидат кунанд, вале маблағгузории омодагӣ барои интихобот масъулияти ҳукумати Тоҷикистон аст.

Вай афзуд, «маълум аст, ки созмонҳои байнулмилалӣ мехоҳанд, ба Тоҷикистон роҳи дурусту шаффоф гузаронидани интихоботро омӯзонанд, аммо маблағгузории интихобот ва боло бурдани савияи дониши сиёсии мардум кори давлат аст».

Комиссияи марказиии интихобот ва раъйпурсии Тоҷиистон мегӯяд, ки дар назар дорад дар як ҳамоиш бо намояндагони аҳзоб ва созмонҳои ҷомеашиносӣ масъалаи анҷом додани пурсишҳо дар остонаи интихоботи моҳи февралро баррасӣ кунад.

Гуруҳи порлумонии Бритониёи Кабир тибқи барномаи сафари худ, интизор меравад аз вазоратҳои амният, энержӣ, обу мелиоратсия ва рушди иқтисоду савдо дидан кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG