Пайвандҳои дастрасӣ

Афғонистон дар меҳвари музокираҳои Бруссел


Имрӯзу фардо мақомоти Иттиҳодияи Аврупо вазъи Афғонистонро дар чанд нишасте дар Бруссел мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО мухтасар дар ин замина дар баробари вазирони дифоъ суханронӣ карда Карл Эйде, фиристодаи СММ дар Афғонистон бо вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо ин мавзӯъро дар хӯроки шом баррасӣ хоҳад кард. Рӯзи сешанбе мавзӯи Афғонистон дар нишасти вазирони аврупоӣ оид ба рушд матраҳ мешавад. Комиссионери умури равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Бенитта Ферреро-Валднер зимни сӯҳбат бо хабарнигорон дар Бруссел гуфт, ки ин ниҳоди аврупоӣ аз Ҳомиди Карзай талошҳои ҷиддиро барои беҳбуд бахшидани вазъи мудирият дар Афғонистон интизор аст:

“Ҳоло баъди интихобот мо бояд бигӯем, ки бояд бо Ҳомиди Карзай кор кунем, то ки ба таври мушаххас интизори онро дошта бошем, ки ҳукумати нави Афғонистон барои баланд бурдани сатҳи мудирият дар тамоми кишвар, баланд бурдани меъёрҳои рафтори сиёсӣ дар масоили мавриди нигаронии мисли интихобот, муқобила бо ришвату фасод, беҷазоӣ ва ҳимоят аз ҳуқуқи инсон талошҳои хеле ҷиддӣ ба харҷ медиҳад”.

Дар нишасти Иттиҳодияи Аврупо моҳи гузашта гуфта шуд, ки ин ниҳод барои тақвияти стратегияи мудирияти шаҳрвандии Афғонистон кор хоҳад кард. Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки мулоқоти умдатарин кишварҳои донори Афғонистон то охири соли ҷорӣ дар Кобул баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG