Пайвандҳои дастрасӣ

Созмони Милали Муттаҳид эълон кардааст, ки зиёда аз ним миллион сокини деҳоти Тоҷикистон ин зимистон ба мушкили камбуди ғизо рӯбарӯ хоҳанд буд.

Бо Гулчеҳра Маҳрамова, сокини Душанбе ва модари чор фарзанд дар Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо гуруснагӣ ҳамсӯҳбат шудем. Вай мегӯяд, чунин рӯз барои афроде монанди ӯ эълон шудааст ва ғизое, ки хонаводаи онҳо ҳар рӯз тановул мекунанд, асосан аз нон ва чой иборат аст.

Хонум Гулчеҳра гуфт, «худам роҳрӯб ҳастам, 160 сомонӣ маош дорам. Илова нафақаи пиронсолӣ 71 сомонӣ мегирам. Бо картошка ва пиёз шӯрбо мепазем. Мевагиро гоҳ-гоҳ мегирем. Шакарро танҳо саҳар мехӯрем». Вай мегӯяд, буҷаи оилавиашон барои харидани дигар анвои озуқаи витаминдор, ки ба саломатии инсон манфиатовар аст, намерасад.

Ба гуфти ҳамсӯҳбатам, ду писари ӯ дар муҳоҷират бошанд ҳам аз сабаби бекорӣ ба хонаводаашон маблағ намефиристанд. Ду нафар духтари хурдиаш бошад аз сабаби нодорӣ дар мактаби миёна таҳсил карда наметавонанд.

Бо картошка ва пиёз шӯрбо мепазем. Мевагиро гоҳ-гоҳ мегирем. Шакарро танҳо саҳар мехӯрем ...
Сарфи назар аз он, ки холаи Гулчеҳра нафақахӯр аст, аммо вазъи бадии иҷтимоии хонавода ӯро маҷбур кардааст, ки ба ду шуғли дигар - роҳрӯбӣ ва ба фурӯхтани маҳсулоти майда машғул шавад. Ба гуфти ӯ, ҳарчанд хонаи истиқматиашон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, аммо барои таъмир кардани кулбаи хеш имкони модӣ надоранд.

Мусоҳиби дигари ман Анвар Асадуллоев, сокини дигари пойтахт, падари ду фарзанд, мегӯяд, ҳарчанд оилааш ҷавон аст, аммо ҳамчун падар рӯзе танҳо барои харид кардани чор дона нон маблағ пайдо мекунаду халос.

Анвар афзуд, ки чанд сол дар Русия дар муҳоҷират будааст. Вале аз сабаби он ки саломатиаш бад шудааст, маҷбур дар Тоҷикистон мондааст. Анвар афсӯс мехӯрад, ки саломатиаш муолиҷа мехоҳад, аммо агар маблағи дарёфткардаашро барои муолиҷаи худаш сарф кунад, кӯдаконаш аз ғизо маҳрум мешаванд. Аз ин рӯ аз саломатиаш дида, барояш хӯронидани кӯдаконаш муҳим аст.

Вай мегӯяд, «чор сол боз сутунмӯҳраам каҷ шудааст. Ба ин 6-7 сомоние, ки ҳар рӯз ман меёбам, имкони табобат кардан нест. Наметавонам, ки кӯдаконамро бе нону об монда, худамро табобат кунам».

Дар Тоҷикистон хонаводаҳое, ки монанди рӯзгори қаҳрамонони мо ба сар мебаранд, кам нестанд ва эҳтимол дар давраи бӯҳрони саросарии иқтисодӣ ҳатто бештар ҳам шуда бошанд. Аммо омори расмӣ аз беҳтар шудани вазъи иҷтимоии мардум огоҳӣ медиҳанд. Чанде пеш Бонки ҷаҳони иттилоъ дод, ки дар Тоҷикистон дар муддати панҷ соли охир мизони камбизоатӣ аз 64 дарсад ба 41 дарсад пойин шудааст.

Додарҷон Зоиров, сардори раёсати мониторингии иҷрои барномаҳои миллӣ ва минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, мегӯяд, ки дар асоси хулосаҳои ташкилотҳои байналмилаӣ сатҳи камбизоатӣ дар кишвар хеле паст шудааст. Далел ин соли 2003 сатҳи фақр 73 дарсадро ташкил медод, соли 2007 он ба 54 дарсад пойин шуд. Вай гуфт, «ин далел аст, ки аз беҳтар шудани сифати зиндагии мардуми дарак медиҳад, яъне сатҳи камбизоати хеле паст шудааст».

Раҳматилло Валиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ, ба баҳои Бонки Ҷаҳонӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар мавриди беҳ шудани сатҳи фақр мувофиқ нест. Зеро ба гуфти ӯ, воқеияти зиндагии мардум, баръакс сол то сол шиддат гирифтани сатҳи фақрро нишон медиҳад.

Оғои Валиев меафзояд, «Тоҷикистон дар сатҳи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон фақиртарин кишвар боқӣ мондааст. Ҳамин кӯмакрасониҳои ташкилотҳои ҷаҳонӣ ҳам маҳз ба ҳамин хотир аст. Ҳатто кишварҳои Осиёи Марказӣ ба мо кӯмак мерасонанд, яъне омор ба воқеияти зиндагии мардум дуруст намебарояд».

Моҳи сентябри соли ҷорӣ Бонки Ҷаҳонӣ аз таҳияи Стратегияи нави кӯмак ба Тоҷикистон барои солҳои 2010 то 2012 ба манзури коҳиши сатҳи камбизоатӣ хабар дода буд. Киара Бронкӣ, намояндаи доимии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, ҳадафи аслӣ аз таҳияи ин Барномаро коҳиши таъсири манфии бӯҳрони ҷаҳонии молӣ ба Тоҷикистон унвон карда буд.

Ба гуфтаи хонум Бронкӣ, тибқи таҳлили коршиносон, бӯҳрони ҷаҳонии молӣ муддати 13 моҳи оянда идома хоҳад дошт, ки метавонад пайомадҳои номатлуберо барои Тоҷикистон низ дар пай дошта бошад.

Интизор меравад, Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои ин барнома маблағи ҳудуди 70 миллион доллар харҷ кунад, ба эътиқоди масъулони ин ниҳод, ин амр имкон хоҳад дод, то Тоҷикистон дар заминаи коҳиши фақр ба дастовардҳои назаррасе ноил гардад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG