Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати ҳамсари Аҳмадинажод дар нишасти Рим


Хонум Ал-Содот Фароҳӣ, ҳамсари Маҳмуди Аҳмадинажод – раисиҷумҳури Эрон
Хонум Ал-Содот Фароҳӣ, ҳамсари Маҳмуди Аҳмадинажод – раисиҷумҳури Эрон

Хонум Ал-Содот Фароҳӣ, ҳамсари Маҳмуди Аҳмадинажод – раисиҷумҳури Эрон, барои аввалин бор дар як иҷлоси байнулмилалӣ дар шаҳри Рим ширкат кардааст.

Дар иҷлоси байнулмилалии таҳти унвони «Амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар дастрасӣ ба манобеъ», ки дар шаҳри Рим – пойтахти Итолиё баргузор шуд, ҳамчунин хонум Сузан Муборак - ҳамсари президенти Миср Ҳуснӣ Муборак низ ширкат дошт.

Дар ин нишаст ҳамсари Маҳмуди Аҳмадинажод суханронӣ карда ва гуфтааст, «Эрон намунае барои мубориза бо гуруснагӣ маҳсуб мешавад ва низоми Эрон ба далели дунбол кардани таълимоти мазҳабӣ амнияти дастрасӣ ба ғизо барои ҳамагонро фароҳам кардааст».

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, хонум Ал-Содот Фароҳӣ соҳиби маълумоти олӣ дар риштаи муҳандисӣ мебошад. Вай ба фарқ аз бонуи аввали Миср дар иҷлоси Рим чун ҳамеша чодари сиёҳ ба бар дошт.

Иҷлоси «Амнияти ғизоӣ ва нақши занон дар дастрасӣ ба манобеъ» дар остонаи ҳамоиши Созмони ҷаҳонии ғизо дар шаҳри Рим баргузор шуд. Дар ин ҳамоиш, ки имрӯз ба кори худ шурӯъ кард, ҳудуди 60 раҳбари кишварҳои ҷаҳон, вазирони кишоварзӣ ва мақомоти дигари баландпоя гирди ҳам омадаанд.
XS
SM
MD
LG